- Mittwoch, 15. August 2018
Варзишгари тоҷик Бежан Файзуллоев дар Олимпиадаи 3-юми тобистонаи наврасон дар Буэнос-Айрес медали нуқра ба даст овард. Файзуллоеви 16-сола дар Олимпиадаи наврасон оид ба тирандозӣ аз таппонча ба масофаи 10 метр медали «нуқра» гирифт. Ин натиҷа ҳангоми тирандозии ҷуфтҳои омехта дар ҷуфт бо Ману Бҳакер аз Ҳиндустон ба даст омад, ки ин аллакай дуюмин медали бозиҳои ҷорӣ ба шумор меравад - вай пештар ҳам дар сабқати инфиродӣ пирӯз шуда буд. Файзуллоев-Бхакер дар финал аз Ванесса Сигер аз Олмон ва Кирил Киров аз Булгория (3:10) шикаст хӯрд.